Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ТАЛИЪАИ ИШҚ
Машқҳои ҷавонӣ

Заҳмат бикашу биноз, Ҷаъфар,
К-аз он ҳама эътибор дорӣ.
РОҲҲО

Роҳҳо!
Менамоям бар сари ин роҳҳо андешаҳо,
Худ ба худ дода суол...
Аз ҳазорон роҳҳо – аз пешаҳо,
Бар қатори кӯҳҳо, бар бешаҳо
Маслиҳат андохта
Роҳҳоро як ба як пеши назар меоварам:
Аз кадоми он ба халқи худ самар меоварам?

Роҳҳо!
Шоҳроҳи худ зи байни роҳҳо ман кофтам,
Шоҳроҳе ёфтам,
Шоҳбайте бофтам...
Корвони орзӯям бо ҳамин раҳ бигзарад.
Аз ҳарорат,
Аз маҳорат
Борҳои бебаҳо дорад ба худ,
Оламе ӯ аз вафо дорад ба худ...
Дар ҷавонӣ орзӯям бо ҳамин раҳ бигзарад!

Музработ, соли 1984
БА УСТОД

Дар боғзори олам чун навниҳол будем,
Чун боғбони хушбин моро самар бидодед.
Нахли умеду армон пайванд карда дар мо,
Моро ҳаёти хуррам гӯё зи сар бидодед.

Роҳи ҳаёти некӯ равшан зи илму фан шуд,
Устод, аз Шумо дил меҳру муҳаббат омӯхт.
Гардид ҳарфи ёрӣ вирди забони моён,
Устод, аз Шумо дил сидқу садоқат омӯхт.

Хуни ҷигар шудастед, то пурсамар бубошем,
Панди Шумост моро чун ҳалқаи баногӯш.
Устод, мо Шуморо донем фарди олам,
З-ин рӯ нагардед асло аз ёди мо фаромӯш!

Музработ, соли 1984

пешина
аз 151
навбатӣ