Ақли бунафш

ШАВҚИ САБЗ
Табрик, дило, нигор дорӣ, 144 Дар дай фараҳи баҳор дорӣ.
Аз шӯру ҷунуни ишқ як сар,
Як синаи пуршарор дорӣ.
Ишқе, ки туро намуд тасхир,
Як дилбари ғамгусор дорӣ.
Саъйу талабу иродаву сабр,
Хуб асту ту ҳар чаҳор дорӣ.
То нахли умед бор бидҳад,
Аз ранҷ ба дӯш бор дорӣ.
Заҳмат бикашу биноз, Ҷаъфар,
К-аз он ҳама эътибор дорӣ.
Музработ, соли 1984
144 Дай – номи моҳ дар солшумории Яздигурдӣ ва тақвими ҳиҷрии шамсии Эрони имрӯз.
ЧӢ ШАВАД?
Бо ту рози дил бигӯям, чӣ шавад,
Марҳами дил аз ту ҷӯям, чӣ шавад?
Ҳусни ту наззора созам лаҳзае,
Мӯйи мушкинат бибӯям, чӣ шавад?
Ту шавӣ ойинае, бинам латиф
Сурати дил рӯ ба рӯям, чӣ шавад?
То барӣ рӯзе ту завқе, гул шавам,
Дар гулистонат бирӯям... Чӣ шавад?
Гар бисозӣ доманат аз ман раҳо,
Ман зи олам даст шӯям... Чӣ шавад?
Ошиқон бо ишқ менозанд, пас,
Ошиқат, эй моҳрӯям, чӣ шавад?
Музработ, соли 1984

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё