Ақли бунафш

БОЗ МЕОЯД БАҲОР...
Боз меояд баҳор,
Боз меояд ба гӯшам нолаи мурғони зор...
Оби дарё медамад,
Хешро бар санги соҳил мезанад.
Андаруни синаи ман,
Оҳ, бо ёди баҳори рафтаам,
Ишқи ёри рафтаам,
Аз дигар дил метапад, дил мезанад.
Боз меояд баҳор,
Боз меояд ба гӯшам нолаи мурғони зор...
Турнаҳо боз аз ҷануб
Рӯ ба сӯйи лонаҳои холии худ мепаранд.
Ҳамчу қосидҳои сулҳу амният,
Дар паноҳи болҳои худ кабӯтарҳо зи нав
З-Осиёву Аврупову Африқо мактубҳо меоваранд.
Боз меояд баҳор,
Боз меояд ба гӯшам нолаи мурғони зор...
Андаруни синаи ман ишқ эҳё мешавад.
Оқибат боз ин баҳорон мешавад бедор ишқ,
Ҳамчу мурғони ҷануб,
Лонаи холии худро боз ҷӯё мешавад.
Боз меояд баҳор,
Боз меояд ба гӯшам нолаи мурғони зор...
Кокулони Беди Маҷнун аз дигар гул мекунад.
Дар раги ток аз дигар хун медамад.
Боди форам бар сари зулфони ёри бевафо
Бозам афсун медамад.
Бозам ин дил ёди мушки зулфи ёр,
Бӯйи атромези кокул мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё