Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Боз меояд баҳор,
Боз меояд ба гӯшам нолаи мурғони зор...
Ҳусни олам боз афзун мешавад.
Ин баҳори тоза дилро боз бар шеъре ҳидоят мекунад,
Мисли ровие зи ишқи аввалини ман ҳикоят мекунад.
В-аз дили ман метаровад пораҳои шеъри нав,
Дар сари ҳар байт дил хун мешавад, хун мешавад...

Музработ, марти соли 1985
АЗ ФАЗО ДИДАМ...

Аз фазо дидам, Заминам, он қадар ҳам дилписанд,
Кӯҳҳои мӯсафедат чун ҷавонон сарбаланд.
Рӯдҳои чун рагу пай доим андар ҷӯши ту,
Ҳусни шаҳру деҳаҳои ту хаёлам кард банд.

Аз фазо дидам, Заминам, сарҳадатро беҳудуд,
Нуқраӣ бо барф як сӯ, гӯшае сабзу кабуд.
Сафҳа-сафҳа кардам азбар даштҳои корамат,
Гӯиё буд аз бароям дафтари шеъру суруд.

Аз фазо дидам, Заминам, бешазорони туро,
Лолазорони зи зебоӣ дурахшони туро.
Наҳрҳои бо ғазал ҷорӣ ба сӯйи баҳрҳот,
Шаҳрҳои дар дили шабҳо чароғони туро.

Ҳис намудам, ин тапиданҳои дил бо ёди туст,
Шодии ман доимо аз рӯзҳои шоди туст.
Дар само эҳсос кардам: зарраи хоки туям,
Дарк кардам, ҳастии ман зинда бо бунёди туст.

Минск – Тошканд, 30 марти соли 1985

пешина
аз 151
навбатӣ