Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ПАС, БИМОН...

Шӯълае, ки дар даруни синаам афрӯхтӣ,
Шевае, ки бар ман аз боби вафо омӯхтӣ,
Дар вуҷудам,
Дар равонам, дар замирам,
Дар забонам
Чун нишоне аз ҷавонӣ монд, монд.

Ҷовидонӣ монд, монд.
Ишқи ту бар ман умеди тозаи парвоз дод,
Ранҷи шеъру шоириву ганҷи рамзу роз дод.
Гар бигуфтам шеър аз ишқ,
Ҳар чӣ дил фармуд, гуфтам.
Аз ғаму доғи муҳаббат
Ҳар чӣ дар дил буд, гуфтам.
Лек дарди ишқ дар дил заррае ҳам кам нашуд,
Сина пок аз ғам нашуд.

Пас, бимон, бӯйи муҳаббат ояд аз ашъори ман,
Пас, бимон, то баъди ин ҳам ишқ бошад кори ман.
Пас, бимон, то ташнагии ошиқи нокомро
Бишканам бо шеъри тар.
Пас, бимон, дар шеър нахли ишқ бозорад самар.
Пас, бимон, таскини ҳар дилдода бошад шеъри ман,
Пас, бимон, софу латифу сода бошад шеъри ман!
Музработ, апрели соли 1985
ЗИНДАГӢ ЗЕБОСТ

Бо ҳама ин зишткорӣ зиндагӣ зебост, дил, 145146 Ҳар куҷое ҳаст шарре, хайр ҳам он ҷост, дил!

Гарчӣ шуд аз панд ҷисму ҷони мо шодоб, лек,
Рӯзи дигар пандҳое нав насиби мост, дил!

То илоҷе ҳаст, аз ҳар каҷдиле парҳез кун,
К-он ниҳоли рафта каҷ ҳаргиз нагардад рост, дил!

Базми шодӣ низ хоҳад дошт, гарчанде ҳазин,
Бо ғами худ борҳо базми наве орост дил.
Офарин бар ҳиммати мардонаи фарзонааш,
Бо ҳама ин дарду ғам дар сина по бар ҷост дил.

Гар зи дасти бевафое дил зи дунё кандааст,
Ҷаъфари мо бар ҷамоли ёри нав шайдост, дил!

Душанбе, октябри соли 1985

145
Шарр – бад, зишт, бадӣ.
Хайр – хуб, хубӣ, нек, некӣ.

пешина
аз 151
навбатӣ