Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ҚУЛЛАҲО

Қуллаҳо истодаанд,
Ончунон ҳам устувору ҷо ба ҷо истодаанд.
Сар ба афлок,
Пой дар хок –
Якдигарро ҳамчу зӯру муттако истодаанд.

Барф борад,
Ё ки борон;
Об хезад,
Ё ки тӯфон;
Ё кашад фарёду дод
Ҷангал аз ҷанҷоли бод;
Ё ба овозе ҳазин
Ларзад аз пирӣ Замин –
Қуллаҳо боз устувору ҷо ба ҷо хоҳанд монд,
Ҳамчунон бо кулли офоту бало хоҳанд монд.

Ҳамдигарро баски ҳамчун муттако истодаанд...

Бойсун, ноябри соли 1985
ҲАМЧУНОН
Ҳамчунон ишқи ту дар сина макон аст, ки буд,
Ҳамчунон дида ба роҳат нигарон аст, ки буд.
Ҳамчунон рӯйи туям пеши назар ҷилвагар аст,
Чашми ман ташнаи дидор чунон аст, ки буд.
Ҳама ҷо, дар ҳама маҳфил, чӣ гаҳи ғам, чӣ нишот,
Ҳамчунон номи туям вирди забон аст, ки буд.
Беди Маҷнун чу бубинӣ, бинамо ёд зи ман,
Ҳамчунон он зи ғами ишқ нишон аст, ки буд.
Гарчӣ тақдир туро кард насиби дигарон.
Баҳри ман ишқ ҳамон, аҳд ҳамон аст, ки буд.
Музработ, декабри соли 1985

пешина
аз 151
навбатӣ