Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ТОРИ ДИЛ

Чангро нохун бизан,
То бихезад нола аз оҳангҳо,
Об гардад то дили харсангҳо.
Лек бар тори дили дардошно чанге мазан,
Бо сабукборӣ ба оҳанге мазан!
То наларзад нобаҳангом,
То шикебоии дил
Пур нагардад ҳамчу ҷом...

Шояд он дил
Шоҳиди яктои ишқе номурод,
Шоҳиди уммедҳои рафта бар бод аст,
Шояд он дил
Махзани лабрези фарёд аст...
Шояд он дил
Маргро ҳангоми чун дузди шарир,
Чанг бар тори дили бемор бурдан дидааст.
Шояд он дил
Аз ҷаҳони бевафо в-аз бевафоёни ҷаҳон ранҷидааст.

Чангро нохун бизан,
То бихезад нола аз ҳар тори чанг,
То наво резад зи ҳар гуфтори чанг!
Лек чанге бар дили маҳзун мазан,
Бар дили дардошно нохун мазан,
Нохун мазан!

Музработ, феврали соли 1985
СИННИ ҲАЖДАҲ

Синни ҳаждаҳ
Бо туфангу тир дар майдони ҳарб,
Бо садои ғурриши тайёраҳо аз сар гузашт.
Синни ҳаждаҳ
З-ин ҷаҳони даргузар
Ногаҳон чун рӯзи равшан даргузашт.

Синни ҳаждаҳ
Бо нигоҳи чор бар мактуби ёр,
Ё паёме аз диёр,
Бо дили бетоқату бо дидаи бехоб рафт,
Ҳамчу барги сабз рӯйи об рафт.

Синни ҳаждаҳ
Ҳамчу Зардуҳишту кешаш
Синаҳоро, дидаҳоро
Барқи оташбор карду рафт, рафт.
Синни ҳаждаҳ
Зиндагони хобро
Зиндаи бедор карду рафт, рафт.

Синни ҳаждаҳ
З-ин ҷаҳони даргузар
Ноаён чун рӯзи равшан даргузашт.
Синни ҳаждаҳ
Сад дареғо, дӯстам,
Аз сари ту,
Аз сари ман даргузашт.

Озарбойҷон, Гусари,
20 сентябри соли 1987

пешина
аз 151
навбатӣ