Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ҲАСРАТ
Он қадар ҷони азиз, аз хеш дурам кардаӣ,
К-инчунин безори ҷону носабурам кардаӣ.
Ҳар қадар ки хок бар чашми тарам пошидаӣ,
Он қадар бе хок хокам, зиндагӯрам кардаӣ.
Чини пешона фузун бинанд ёрон, нест аҷаб,
Чун ту дилафсурдаву пешонашӯрам кардаӣ.
Чашми рӯзам бо умеди субҳи рӯят кӯр шуд,
Чун бувад ин кӯррӯзӣ? Бахткӯрам кардаӣ!
Мехурӣ як рӯз ғамҳои ману афсӯс, дер,
Эй, ки то рӯзи қиёмат ғуссахӯрам кардаӣ!
Душанбе, 22 сентябри соли 1989
ШАВҚИ ШУКУФОӢ
Ман ҳар баҳор ошиқи ҳусни баҳор мешавам,
Ҳар фасли гул хумории чашми хумор мешавам.
Бо бӯса чида лола аз рӯйи нигор ҳар сабоҳ,
Ҳар субҳи нав зи бӯси гул уммедвор мешавам.
Гаҳ ғарқи обшори он чилкокули ниҳоли гул,
Гаҳ ғарқи обшорҳои кӯҳсор мешавам.
Дарё равона асту ман биншаста дар лабаш вале,
Ташнашикан зи соғари лабҳои ёр мешавам.
Оғоз карда зиндагии ошиқонаро зи нав,
Аз рӯз то ба рӯзи нав хушрӯзгор мешавам.
Бар гӯшаи фаромушӣ бинҳода ёди тирамоҳ,
Ман ҳам баҳор ин баҳор бо баҳор мешавам.
Душанбе, баҳори соли 1989

пешина
аз 151
навбатӣ