Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

МАНАМ ФАРЗАНДИ ОН МИЛЛАТ...

Манам фарзанди он миллат, ки дар шарёни вай ҷорист
Ҳамон хун аз раги фарзанди эминмондаи Кова.
Чу ман пайванди хуниям, дирафше мекунам боло,
Зи фарқ кӯҳ, аз он ҷои дирафшафшондаи Кова.

Манам он душмани хунӣ ба Оҳармону бар Заҳҳок,
Ба ҳаққи хуни ҳабдаҳ ял – бародарҳои ҳамхунам.
Агарчӣ баста дар кӯҳанд бадкешони бадгавҳар,
Кунун ман нестам қонеъ зи ҳукми нарми қонунам.

Манам он ҳақталош акнун, ки ҳаққи хеш мехоҳад,
Манам он вориси барҳақ ба сангу хоки бобоён.
Ғариби мулки худ будан... чӣ нанге буд! Омурзо,
Аҳурмаздо, ало парвардигори поки бобоён.

Бигирам гурзи Рустамро ба дасти хештан имрӯз,
Ки то осуда бошад рӯҳи ҷадди пок – Фирдавсӣ.
Бубинам ҳарзагӯе гар ба ӯ оби даҳан пошад,
Занам ман бо ҳамин гурзӣ, кунам саркӯб чун осӣ!

Манам фарзанди он миллат, ки роҳи рост меҷӯяд,
Ба рӯйи дору зери теғ ҳарфи рост мегӯяд.
Зи боғи нокасе ҳаргиз намебӯяд гули сурхе,
Зи боғи рӯзгори худ гули уммед мебӯяд.

Тирмиз, баҳори соли 1989

пешина
аз 151
навбатӣ