Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

НЕ ИШҚИ ЗАМИН ДОРӢ...
Не ишқи замин дорӣ, не ишқи само дар дил,
Дил ҳаст туро дар бар, ғам нест туро дар дил.
Не ҷони ҳазин дорӣ, не чин ба ҷабин дорӣ,
Не мазҳабу дин дорӣ, не нуру зиё дар дил.
Не шӯру шарар дорӣ, не сӯзи ҷигар дорӣ,
Не панди падар дорӣ, не меҳри ниё дар дил.
Не майли чаман дорӣ, не завқи сухан дорӣ,
Не ишқи ватан дорӣ, не ишқи Худо дар дил.
Не сар ба сари доре, не лаб ба лаби ёре,
Не даст пайи коре, не хайру сахо дар дил...
Душанбе, соли 1990
ҒАЛАТ
Қомататро сарв гуфтам, сарвро кай ҷон бувад,
Кай хиромон сарв монанди ту дар бустон бувад?
Атри гесӯи туро кай нисбате бо настаран?
Кай шамими ишқ дар барги гули райҳон бувад?
Ман назири байти абрӯят нахондам матлаъе,
Матлаъе кай ҳамчу он дебочаи девон бувад?!
Офтобе хондаму ташбеҳи ман бечора шуд,
Шамси ховар кай чу рухсорат чунин хандон бувад?
Моҳтобе хондаму маҳтоб пушти абр монд,
Аз хиҷолат... Кай чу ту рухсори ӯ тобон бувад?
Тирмиз, соли 1993

пешина
аз 151
навбатӣ