Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ИН ДАРАХТИ ХУШК...

Ин дарахти хушк
Қомати хушкидаи Маҷнуни ҳиҷронҳои мост.
Чор шохи дар миёни чорсӯи хокиёну нуриён бишкастааш,
Дар зиёфатхонаи Вақту Фазо,
Аз кафи соқии бемашраб фитода
Чор пора гаштани шаҳҷоми паймонҳои мост.

Лонаи хошокии мурғе, ки дар болои он шохи ниҳоист,
Лонаи хаспӯши мурғи дасти афсӯсу надоматҳои бепоёни мост.
Захмҳое, ки расида бар танаш аз чашми бадбини табар,
Захмҳо аз дасти иблис
Монда андар пайкари иймони мост!

Ин дарахти хушк
Пайкари хамгаштаи пири Забони Порсист...

Тирмиз, соли 1995
ДӮКОНИ ТАРҶУМА
Тарҷумаҳо аз ашъори шоирони ӯзбек

Гул бигардид базри рафта ба хок,
Мурд кирму бишуд бирешими пок.
Ҳаст чун базри лола ғайрат туро?
Ё ки чун кирми пилла ҳиммат туро?
Алишери Навоӣ
ТАРҶУМАҲО АЗ ШОҲБАЙТҲОИ
ШОИРОНИ ӮЗБЕК

Гул бигардид базри рафта ба хок,
Мурд кирму бишуд бирешими пок.
Ҳаст чун базри лола ғайрат туро?
Ё ки чун кирми пилла ҳиммат туро?
(Алишери Навоӣ)

Ҳунарро харҷ нанмудам, дареғо,
Варо бар хок хоҳам бурд оё?
(Алишери Навоӣ)

Ноқис он к-ӯ хешро комил шумард,
Комил он к-ӯ нуқси худ исбот кард.
(Алишери Навоӣ)

Агар огоҳ бошӣ, шоҳ бошӣ,
Бубошӣ шоҳ, агар огоҳ бошӣ.
(Алишери Навоӣ)

Ҳар кас, ки вафо кунад, вафо хоҳад дид,
Ҳар кас, ки ҷафо кунад, ҷафо хоҳад дид.
Инсони накӯ бадӣ набинад ҳаргиз,
Ҳар кас, ки бад аст, ӯ ҷазо хоҳад дид.
(Заҳириддин Муҳаммад Бобур)

Нест мардӣ ҷанг бо пили жаён дар ин замон,
Мард он бошад, бигирад аз гиребони ҳунар.
Панҷҳо, даҳҳо сум ар ағёр бо дониш биёфт,
Кай диҳад ҳаммолии мо ҷуз ду-се танга самар?
Рушд ёбанд ар ба санъат ё тиҷорат дигарон,
Ҳамчу аспи мурда наъл аз пойи мо оранд дар.
(Абдулло Авлонӣ)

пешина
аз 151
навбатӣ