Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Лаҳзаҳои азизи асри азиз,
Қадри худ пурсад аз азизони мо.
Фурсати он бувад, ки бо шоҳбайт
Дафтари умрро диҳем оро.
(Ғафур Ғулом)

Фарох аст бас даргаҳи ин ҷаҳон,
Баробар бувад неку бад ҳам дар он.
Занад давр хуршед андар само,
Бипошад ҳаме нур яксон ба мо.
Вале дар бағал санг бошад маро,
Аз ин ашк дар чашм бошад туро.
Чароғе ту равшан намуда ба шом,
Вале ман ниҳода ба роҳи ту дом.
(Эркин Воҳидов)

Агар бо дӯстат қисмат баробар созӣ бешу кам,
Биафзояд баробар шодиву тақсим гардад ғам.
(Эркин Воҳидов)

Гушнаву саргашта дар раҳ монӣ гар,
Тоҷ кун сабру қаноатро ба сар,
Бо хасис азме макун баҳри сафар,
Илтимос аз нокасон ҳаргиз макун!

Таъна бошад бадтар аз бад дар ҷаҳон,
Чеҳраат чун каҳ намояд, дода нон,
Солим ар бошад тану ақлат, пасон,
Илтимос аз нокасон ҳаргиз макун!
(Абдулло Орипов)
ЭРКИН ВОҲИДОВ

АРӮЗ ВА ҲИҶО

Ду шеър
Дар ду сафҳа.
Дар сафҳае арӯзӣ,
Дар сафҳае ҳиҷоӣ.
Дастхат, як дастхат.
Дунболаи ашъор
Имзо низ як имзо.
Аммо аҷабо
Доранд моҷаро.
Арӯзӣ ҳиҷоиро
Ҳақир мешуморад.
Худро кабиру ӯро
Сағир мешуморад.
Ҳиҷоӣ арӯзиро
Куҳану хароба мехонад,
Дар асри тараққиёт
Ароба мехонад.
Аммо ман
Дар васати мозиву мустақбал
Ҳайронам.
Ҳар гаҳ, ки ину он
Моҷарои дигаре оғоз мекунанд,
Пайи оштияшон
Сарсонам.

пешина
аз 151
навбатӣ