Ақли бунафш

АНДЕШАҲО
Аз саҳар то шом банди меҳнатем,
Шеър мегӯем,
Хона месозем.
Сар ба болин мениҳему то саҳар
Андеша меронем.
Роҳати моро шабехун мезананд андешаҳо,
Хобро аз чашмҳои мо ба яғмо мебаранд.
Шаб дубора умр мебинем рӯзи рафтаро.
Фориғ аз меҳнат,
Хаста аз андешаҳо,
Субҳи козиб тарк месозем бистарро.
Хома дар даст,
Бел дар даст,
Шеър мегӯем,
Хона месозем.
Баҳром РӮЗИМУҲАММАД
ТАТАББӮЪИ НАВОӢ
Аз муаллиф
Ёдам нест, тахаллуси “Навоӣ”-ро кай шунидаам:
дар сесолагӣ, чаҳорсолагӣ... ё панҷсолагӣ... Падар ва Модарам дар дабиристони ба номи Алишери Навоӣ, ки дар рустои мо воқеъ буд, кор мекарданд. Чун дар хонаводаи муаллимин ба дунё омада ва тарбият ёфта будам, қабл аз он ки мактаб биравам, соҳиби хатту савод шуда будам. Волидайнам гоҳе мегуфтанд: “Агар бузургтар бишавӣ, дар дабиристони Навойи (онҳо ин гуна талаффуз мекарданд) таҳсил хоҳӣ кард”.
Падарам дар саҳифаи аввали баъзе аз китобҳое, ки дар китобхонаи начандон бузургаш нигаҳдорӣ мешуд, муҳре ҳам мезад. Китобҳо мутанаввеъ буданд: баъзе аз онҳо кучак, ҷилдашон ҳам латиф, баъзе аз онҳо бузург, ҷилдашон ҳам кулуфт. Китобе ҳаҷим ва хеле сангин буд, дар кудакиям наметавонистам бардорам; дар навҷавониям ба бардоштани мазомин, таъбирот ва ташбаҳоти он қодир набудам. ВАҚТЕ ки донишҷӯ шудам, Падарам он китобро ба ман ҳадя кард. Ин китоб девони севвуми “Хазойин ул-маъони”-и муборак буд ва бо соли чопаш ҳамсинни ман буд...
Кӯтоҳи сухан, бо раҳнамоии устод Матназар Абдулҳаким аз соли 1989 ба ба кашидани сарпӯши ин ганҷина даст задам. “Татаббӯъи Навоӣ” ёдгоре аз он даврон аст. Чопи ин манзумаро, ки аз назари мубораки устод Матназар Абдулҳаким гузашта буд, бисту ҳашт сол аст, ки орзӯ мекардам. Ин татаббӯъро аз самими дил ба ба хотираи Устод мебахшам.
Садҳазор андар дилам сӯрохае аз тири ҳаҷр, Ҳар яке чашмест, гӯ, бар ҳоли ман ҳайрон бувад.
Алишери Навоӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё