Ақли бунафш

ҲАМДУ САНО
Раббано
Парвардигоро
бар ҷамолат ошиқам
Ин Туӣ – зеботарин зоти ду олам
бас Ҷамилӣ, бас Ҷамилӣ, бас Ҷамил
Ин Туӣ – Офардгори кулли зебоӣ
эй басо зебост ҳар як сунъи Ту
Раббано
Парвардигоро
Раббано
Офаридӣ ҳар чӣ, дар ҳадди камол аст
қатрае шояд зи уқёнуси хилқатҳои Туст
Ман ба дидори Ту муштоқам, вале
чашмҳоям қуввати дидан надоранд
Амр кун
об гардад гавҳаракҳои ду чашми оҷизам
чун ба дидори Ту қодир нестанд
ин ду қатра, ин ду нур
Амр кун
об гарданду бирезанд
Кирдгоро
ман, ки дар дашти ҷунун як бандаи раҳгумзада
Аз чӣ водии фироқ ин қадр мебошад тавил
чор сӯ торики торик
I
Пеш аз он ки вориди ин колбад гардам
ғарқи дарёи ҷамолат будаам
Мешудам хориҷ зи батни модарам
чашм бикшода ба олам
гиря кардам, гиря кардам, гиря кардам
Гиряҳое, ки бидаррад пардаи гӯши фалакро
гиряҳои ман ситезе аз бақо
бар фано буд
Лаҳзае, ки шоми ҳиҷрон
сар фурӯ мебурд бар коми ғуруб
пардае бар пеши чашми рӯҳ шуд ду мардумак
пас, маро доданд таскин бо фиреб
пас, бидонистам, Дурӯғе беш нест
ҳар чӣ дар дунёст
танҳо
ҳастии Ту ҳаст Рост
Ҳам ҳамон шайтон, ки мегӯянд, шайтон нест,
ҳаммолест
мекашонад тӯрҳоеро, ки инсонҳо
бофтанд аз макр
Во аҷаб
хешро созанд гумроҳу зананд
тӯҳмате бар гардани шайтон, ки аз раҳ зад
Одамӣ
хушк мехоҳад бурун ояд зи об
аммо ҳамин об
бар танаш печад чу море
фош созад
ҳар куҷое, ки занад сар
Раббано
наззора кун
қатраеро, ки зи Ту гашта ҷудо
ҳам ба умқи жарфноҳое фурӯ рафтан-шро
дар паноҳи исматат эмин бидор
бар фурӯ рафтан ба қаъри жарфноҳояш мабигзор
2
Погузорӣ ҷо нашуд пайдо
ҳам набуд имкони вомондан муаллақ дар ҳаво
мағфират кун

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё