Ақли бунафш

по ниҳодам
ғарқ гаштам дар гуноҳ
Ин тани нопокро
кош мекардам
пора-пора
пой як сӯ
сар ба сӯйи дигаре
пас, ба шакли рӯҳ мегаштам фано
лаҳзае ҳам ин ҷасадро
бо лагадҳо бозӣ мекардам
вале
мерасад вақти намозам як нидо
“чашмаи дилро намо
фориғ аз гарду ғубор
синаатро мисли кӯҳе кун сипар бар он”
пас, қарор ин шуд, намоям эҳтиёт
қалбро монанди чашм
пой нанҳод ӯ
бар сари фарде
Пас, ҷаҳон бисёр зебо ҷилвагар шуд дар назар
аз ситора
то ба пору
ҷӯри дигар шуд намоён
чунки он ҳастӣ ба ман овард
аз вуҷуди лоязолият далел
гарчи огаҳ будам аз ҳастии Ту
бо тамошои ҷаҳоне, ки кардӣ халқ
боз бар ҳастият иймон тоза кардам
3
Ман ба идроки ҳаёт оғоз кардам
ғӯта хӯрдам дар дили дарёи эъҷоз
ончи меҷустам, биёвардам ба даст
ламс кардам
лек гум шуд
ғӯтавар гаштам дубора
боз пайдояш намудам
чашмҳоям тоза кам-кам
карда буд одат, ки шуд
бар ҳаво табдил
пеши чашмонам
гашт нопайдо
ва ҳатто
аз паяш атру шамимаш рафт
Бар ҳамон дарёи уммон
ғӯтавар гаштам ҳазорон бор
ончи пайдо кардамаш рафт аз кафи дастам ҳазорон бор
оҳ, мехоҳам шино кардан дар уқёнуси Ту
Эй Ту – Маънои кабир
боз кун оғӯши худрову маро оғӯш гир
Оҳ, медонам
гарчи дар оғӯши оташбори хуршед
бо таҳаммул ғӯтавар гардам, нахоҳам кард пайдо
ончи меҷӯям
инчунин магзор танҳо
дар дили водии сарсонӣ, маро бар худ фаро хон
4
Каъбаам Қалб аст
ҳар гаҳ
мефитад бар он нигоҳат
Ман ба Қалби хеш додам ҷойгоҳи олия
Қалб сӯйи Ту назар кард
чашм бар ҳар сӯ бидӯхт
Одаме, ки дар шаби торик раҳ рафт
ҷисми худ ҳаргиз нахоҳад дид
мезанад гом

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё