Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

мисли руҳ
Қалб ҳам монанди ӯ
дар сукут аст
гоми аввал сӯйи Ту бардошт
Эй, Ту пайдои ниҳонам
эй, Ту пинҳоне, ки пайдоӣ
бар ҷамолат Қалбро боре мушарраф кун
чанд фарсанг аст роҳи водии ҳиҷрон
то ки мо ҳам биспарем он роҳро, бар мо аён кун
чанд фарсанг аст роҳи Васл
ҷаннат
бод зоҳидро насиб
нест бар ҷаннат маро ҳаргиз ниёз
ҷаннатам Васл аст, ботин Каъбаи ман
ин бувад тақрири ман

5 Шоми ҳиҷрон кард гирёнам бар сари Қалб рехтам ашк қатраҳои санги ашки дидаам синаи шаффофи Қалбамро шикаст гиря кардам бо сукут оби чашмонам нашуд қатъ вақти хоб ҳатто мисли бороне, ки бо шиддат бидуни осмону абр меборид аз боло ба пойину аз пойин ба боло бе танаффус оби чашмонам қатъ гаштанро намедонист Ногаҳон
Қалб бар ғалбер шуд табдилу пайдо гашт садҳазорон холҳо – сӯрохҳо Аллоҳ, Аллоҳ ман ҷудо гаштам зи чашмони асили хештан бо кадомин чашми худ бинам Туро акнун дар дили торики як зулмат фурӯ рафтам ламс кардам як ба як сӯрохҳои Қалбро ин чи буд сахт ангуштам бисӯхт гашт бар чашмон бадал сӯрохҳо дар лаҳзае ҳам ҳазорон ҳайрат андар мардумакҳо Кош, меандохтӣ тир кошкӣ, Қалби маро он тирҳо сӯрох мекард садҳазорон захм кошкӣ, з-он тирҳо будӣ ҷароҳат сояе медошт, эй кош
...........................................................
Боз мегӯям номи онро хонад ин сон бандаат
“ТИРИ ҲАҶР”

пешина
аз 151
навбатӣ