Ақли бунафш

Ба кунҷи дилам хона дорад хаёлат,
Вале фикри моро надорад хаёлат.
Баъд аз ҳазор сол зи сад дом растаам,
Ин домрастагӣ чи кунам? Паршикастаам!
Хонаободии ту аз хонавайронии мост,
Хотири ҷамъи ту аз хотирпарешонии мост.
ОШИҚОНАҲО
Таронаҳо
ДАР ШАБИ БЕСИТОРА
Дилам бубастӣ
Ба банди мӯят.
Равам Бухоро –
Ба ҷустуҷӯят!
Дар пеши чашмам
Рӯйи чу моҳат.
Дилам бибурдӣ
Бо як нигоҳат!
Нақорот:
Гул-гулаки ман,
Хушгилаки ман!
Сар-сари пушта
Сунбулаки ман!
Агар набошад
Дилат ба ман банд,
Бигӯ, бигирам
Раҳи Самарқанд!
Дилам фишурдӣ,
Чу санги хоро.
Нигори бераҳм –
Бути Бухоро.
Нақорот:
Гул-гулаки ман,
Хушгилаки ман!
Сар-сари пушта
Сунбулаки ман!
Реп:
Бигӯ, ки ман чи ко кунам?
Майли дигар чаро кунам?
Ба дарди бедавои худ
Бигӯ, чи хел даво кунам?!
Ман, ки аз ишқи ту адо,
Бе ту куҷо равам, куҷо?
Ҳар чи савоби ман шавад
Бе ту гуноҳ, бе ту хато!
Шамси ману Қамарам!
Шаҳди ману шакарам!
Реп:
142 Мулки дилам кардӣ талон Боз чи мегӯйи, фалон?!
Акнун биё, маро бубин Сари Минораи Калон!
Биё, ба ҷони ман биё!
Ба ҷони ҷони ман биё!
Шӯълаи субҳидам бишав
Ба ошёни ман биё!
Талон – толон, тала.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё