Ақли бунафш

Баски дорад санг рашк аз сабри мо,
Ҷойи гул рӯяд ба рӯйи қабри мо.
Гоҳ-гоҳе ба нигоҳе бинавозед дилам,
Бо фироқи рухи худ хира масозед дилам.
Асли асли асламро ман худам намедонам,
Ман киям, куҷоиям? Аз куҷо ту медонӣ?
Дар дилам чизе намегунҷад ба ғайри ёди Дӯст,
Қисмате дорад чунин ҳар бандаи озоди Дӯст.
Пушти бохтанҳоят бурдҳои ширинест,
Ёд гир, ҷони ман, бохтанҳоро ҳам.
Ало, шаҳири шаҳри Ишқ, ёрро дарёб,
Муқими шаҳри Ёр, шаҳрёрро дарёб!
Ба ҳазору як саломам нагирифтаӣ алайке,
Зи ту чун кунам умеде ба навиштаҳом “лайк”е!
Кӯча ҳарчанд тиҳӣ нест зи хору хасу санг,
Тифли ёдам, чи кунам, обилапо мегузарад.
Охир аз ин дори фано мегузарему меравем,
Раста аз ин доми бало мегузарему меравем.
Шарманда то ба рӯзи қиёмат масӯз, шамъ,
Худро ба офтоб баробар чӣ мекунӣ?
Ирсол менамоямат бо лаҳҷаи дарӣ,
“Лайк”-е ба ин қасидаву пайке ба ин парӣ.
Бо як ангушт бияфканда харидори туро,
Омадам, то шиканам равнақи бозори туро!
Сиришта ончунон Худои бас раҳим чашматро,
Ки Меҳр баргузида баҳри худ ҳарим чашматро.
Рӯбарӯ биншину бар чашмам даме наззора кун,
Орзӯ дорӣ агар сайри гули бодомро.
Акси соқӣ ҷилвае мекард агар дар ҷоми мо,
Субҳ мешуд сурхрӯ аз шарм пеши шоми мо.
Бо ту ҳам мушкилу ҳам бе ту басо мушкилтар,
Тан ҷудо мушкилу дил аз ту ҷудо мушкилтар.
Дар шеърат ар тапидани дил нест, ҷамъ кун!
Ширин даҳон ба гуфтани ҳалво намешавад.
Моҳи мунир бефурӯғ, шамсу тулӯъи ӯ дурӯғ,
Бе рухи офтоби ту шом саҳар намешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё