Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба он чашму ба он себи занахдону даҳан бингар,
Агар чашмат намебинад, биё, бо чашми ман бингар!


Диламро бурду ман мондам, аз ин мондан намондан беҳ,
Дили ман мурду ман мондам, аз ин мондан намондан беҳ.


Нафасро рост мекардам, гулӯгир омадам шеъре,
Хурӯшон мисли шери кандазанҷир омадам шеъре.


Иззат аз болонишинӣ кай биёбад хору хас?
141 “Сагмагас”ро акс хонӣ, боз гардад “сагмагас”!


То шамси орзӯ накунад дар дилам тулӯъ,
Хуршед кай кунад ба дару манзилам тулӯъ?


Омодаи нашр мекунам ман,
Худро чу китоби тоза ҳар субҳ.


Халқ бар нақшеву ранге ошиқанд,
Ошиқи Ишқ аст Ҷаъфар, зинда бод!


Ин субҳ бар насим диламро кушодаам,
Дунёи ғуссаро ҳама бар бод додаам.

141 Дар алифбои форсии тоҷикӣ агар калимаи “сагмагас”-ро баръакс хонем, боз “сагмагас” мешавад.

пешина
аз 151
навбатӣ