Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ё зулфи Суханро ба қалам шона занам,
Ё бар сари зулфи ӯ қаламро шиканам.


Осмон шишаи рӯъёст зи минои дилам,
Ин ҷаҳон нақши таҷаллост зи дунёи дилам.


Ҳамчу ман дар хони дил густурда дастархони Ишқ,
Ҳар касе аз хуни дил нӯшид, шуд султони Ишқ!


Хоҳам, ки тамоми умр, эй гул, ба барам бошӣ,
Аз гарди маломатҳо доим сипарам бошӣ.


Бар гӯши дили ҳамчу мане девона,
Ҷуз вожаи Ишқ аст ҳама бегона.


Ҳар кӣ қадри худ шиносад, қадри моро мешиносад,
Ҳар кӣ нафси худ шиносад, ӯ Худоро мешиносад.


Ҷамоли бахт чун хоҳам, ки аз пушти дарам бигзашт,
Зи соқӣ май чӣ сон хоҳам, ки даври соғарам бигзашт.


Бахти некат талаб аз Эзади якто дорам,
Ҳар чӣ к-он нағз бувад, бар ту таманно дорам!


Як лаҳза агар ёди ту аз сар гирад,
Доси сари чашмат сари Ҷаъфар гирад!


Дар хотироти оби равон мавҷ мезанад,
Хуршеди як нигоҳи муҳаббатпаноҳи ту.


Қақнусвор з-оташи худ зинда мешавам,
Хокистар аст хосияти зодгоҳи ман.


Гирифтаӣ ба чанги шасти хеш моҳивор,
Халида шаст бар гулӯ, суолҳо дорам.


Пашшае намеарзад иддиъои пилиат,
Он қадар аёнам ман: чашми мӯр мебинад!


Ту аз ин билоди мӯҳлик ба куҷо, куҷо гурезӣ,
Ту киӣ, чӣ кора ҳастӣ, ки чунин ба худ ситезӣ?


Хаёлам мешавад парвона бо парвози абрӯят,
Ки мешуд кош чашмонам шабе анбози абрӯят.


Босарон бесару бесарон басар,
Бозарон безару безарон базар.


Рӯ сӯйи офтоб, дуъо кун ба ҷони ман,
То офтобзор шавад осмони ман.

пешина
аз 151
навбатӣ