Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Оҳ, бо нафси балохез чӣ мебояд кард?
Вой бар ҳоли ману манзараи фардоям!


Эй хатоомада, аз нуқсу хато лоф мазан,
Аз Хито н-омада аз нақши Хито лоф мазан!
Ҳангҳоят хабар аз нашъаи фарҳанг надод,
Эй хари ҳангазан аз савту наво лоф мазан!


Хабарат ҳаст, гуҳартар ба ҷаҳон аз гуҳарӣ,
Хабарат ҳаст, ки худ шираи шаҳду шакарӣ?
Бо лабат равнақи бозори шакар сӯхт ба шаҳр,
Лаъл беқадр шуд аз лаъли туву бехабарӣ.
ФАРДИЁТ

Туву шаҳри висолу орзуву ошнойиҳо,
Ману шаҳри фироқу ғурбату аз ҳам ҷудойиҳо.


Дил сер зи ҷон дар раҳи ҷонон шуданӣ нест,
Ин тавбашикан ҳеҷ пушаймон шуданӣ нест!


Як тараф чора зи дасти мани бечора хароб,
Як тараф бор харобу тарафе бора хароб!


Чунонат дӯст медорам, ки як лабташна дарёро,
Чунонат ишқ меварзам, ки маҷнунгашта Лайлоро.


Сад офтоби меҳру вафо мекунад тулӯъ,
Аз бомдоди чеҳраи ҳасратғуруби Дӯст.


Нафасат аз дами телфон ба димоғам бирасид,
Намаке дошт магар, бар дили доғам бирасид!


Ба шамъи як нигоҳат сӯхтӣ парвонаи чашмам,
Чӣ меҳмонӣ, ки оташ мезанӣ бар хонаи чашмам!


Занни бад мабар, к-имшаб қасди ман-манӣ дорам,
Ман ба гӯшат, эй маҳрӯ, ҳарфи гуфтанӣ дорам!

пешина
аз 151
навбатӣ