Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Осмон ахтарнисор аз чашми мост,
Ин Замин шабзиндадор аз чашми мост.
Барф ранг аз чашми мо бигрифта буд,
Сабзрангии баҳор аз чашми мост.


Аз фироқи чашми ту бар сар хумор Ойинаро,
Чашм бикшо, субҳ шуд, магзор зор Ойинаро.
Эй хаёлат сабз, чашмат сабз, ҳарфат сабз Ёр,
Рӯбарӯ биншин, ки созӣ сабзазор Ойинаро.


Дар худ ватан намудаам, пас, беватан наям,
Рӯзе, ки беватан шавам, он рӯз ман наям!
Ҳар субҳу шом дар дилу рӯҳам ҷидолҳост,
Кӣ гуфт, к-аҳли машварат ё анҷуман наям?


Бо ту дар дил баҳорҳо дорам,
Бе ту аз дард борҳо дорам.
Пойи ман хорро наметарсад,
Аз ту дар дил чу хорҳо дорам.


Афтодам, афтодам, дар доме афтодам,
Ку дасте, ку дасте, то созад озодам?
Навмедам, навмедам, беҳосил чун бедам,
Дар шаш кам панҷоҳам чун як кам ҳафтодам.


Ман аз ин ҷой набудам, ки ба инҷо оям,
Мева овард ба ин ғамкада бо Ҳаввоям.

пешина
аз 151
навбатӣ