Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ғариби як садот шудам, намеоӣ,
Гадои як адот шудам, намеоӣ?
Зи ақлу ҳушу дину хирад, ки дар ман буд,
Тамом мосувот шудам, намеоӣ?


Гар нек ё бадам, Ҷаъфар Муҳаммадам,
Ибни Муҳаммадам, Ҷаъфар Муҳаммадам.
Эй, к-аз дафинаҳо ҷустӣ хазинаҳо,
Ман ганҷи сармадам, Ҷаъфар Муҳаммадам.


Ман, ки бо замзамаи нур фаро хонда шудам,
Пас, чаро инчунин афсурдаву дилмонда шудам?
Аз дари лутфи муназзаҳсифати поксиришт,
Ман, ки иблис набудам, зи чӣ пас ронда шудам?


Ман на бар рӯйи накӯ ошиқ шудам,
Не ба ҷоҳу обрӯ ошиқ шудам.
Мардум ар бар чанд сӯ ошиқ шуданд,
Ман ба бесӯйии сӯ ошиқ шудам.


Вақти он омад, ба обу ранги хеш,
Нақш созам бо сухан “Аржанг”-и хеш.
Рӯ ба даргоҳи сухан ё ҳу занам,
Сад ҷароҳат дар дилам аз ҷанги хеш.


Эй, ки пурсидӣ чӣ савғот зи роҳ овардам?
Нест ғайр аз дили савдозада роҳовардам!
Ман, ки аз дағдағаи фалсафаҳо безорам,
Дар дили мардуми чашми ту паноҳ овардам.

пешина
аз 151
навбатӣ