Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Баски дар ҳар сӯ шаётин базри шарр коридаанд,
Чор “Қул” мехонаму бар чор сӯ суф мекунам.
Рӯйи мизу сандалиҳо кӯрмушон р...анд,
Дар паси ҳар дар аз ин рӯ ҳар дам “ах, туф!” мекунам.


Ойина чӣ ҳоҷат аст моро,
Гар ҳолати мо хато кунад шарҳ?
Кас нест ба ғайри ғуссаи мо
То қиссаи мо ба мо кунад шарҳ.


Бо оби туҳр сурати худ пок кардаем,
Аммо чаро ба покзамирӣ намерасем?
Нагзаштаем, гарчӣ ҷавонӣ зи мо гузашт,
Пирӣ ба мо расиду ба пирӣ намерасем.


Пеши мо лаб мегазию парда бар рӯ мекашӣ,
То кунӣ дар парда пинҳон гуфтугӯи хешро.
Ин қадар обистану бориданат аз баҳри чист?
Эй фалак! Дигар марезон обрӯи хешро!
ЧАҲОРПОРАҲО

Осойишам муаллимӣ, шуғлам суханварист,
138
Шояд, ки асли асли ман аз Марв ё Ҳарист.
Ҷаъфар, ба ҳар каломи ту ҳикмат нуҳуфтааст,
Зеро ки шоирӣ ба масал чун паямбарист.


Он ёри баҳоройин, к-ин шом ба чанг ояд,
Аз хонаи сулҳ ояд, ё аз дари ҷанг ояд?
139
Бойсунқури Мирзоям, шаҳзодаи беавранг,
“Шаҳнома” китобат шуд, шоҳӣ ба чӣ ранг ояд?


Дишаб хами абрӯи ту таслими дилам буд,
Ҳам зулфи суманбӯи ту таслими дилам буд.
Девонасифат ҳалқаи андеша гусастам,
Чун силсилаи мӯи ту таслими дилам буд.


Бе ман ту бо ду дидаи равшан чӣ мекунӣ,
Эй равшании дида, ту бе ман чӣ мекунӣ?
Бе ту ҳаром буд нафасҳоям, эй азиз,
140
Бе ман ту дар ҳарими Ҳареман чӣ мекунӣ?


Худоё, ишқ меварзам ба он санге, ки ҷон дорад,
Надорад дил, ба озори дилам аммо забон дорад.
Хаёлам бӯсае дуздид аз лабҳои лаъли ӯ,
Нигоҳи раҳзанаш гуфто: ба дандонат зиён дорад!

138
Ҳарӣ – Ҳирот.
139
Беавранг – бетахт.
Ҳареман – Аҳриман.

пешина
аз 151
навбатӣ