Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ҚИТЪАҲО

Дар баҳси ишқ ақл ба дил гуфт: ҳин, хамӯш!
Ин кор ҳеҷ гаҳ ба ҳаёҳу намешавад!
Чил сол шуд, ки ишқи варо шарҳ мекунам,
Дил шарҳа-шарҳа мешаваду ӯ намешавад!


Ман кӯҳнамазори чаманистони хазонам,
Сад бор баҳор омаду гулпӯш нагаштам.
Монанди ҳамин мақтаъи ошуфтаи Ҷаъфар,
Аз ёди ту кӣ гуфт, фаромӯш нагаштам?


Агар ба теғ тарсонанд ё ба дор бикшонанд,
Кашидаҳои ҷонамро ба ту кушода хоҳам гуфт.
Зи печ-печи гесӯят гираҳ фитод бар ҷонам,
Аз ин ба баъд ҳарфамро чӣ гуна сода хоҳам гуфт?


Чун дилам аз шикастан озурдаст,
Аз шикастани зарф дилгирам.
Феъли ман чу нашуд зи феъл аҳсан,
Аз қавоиди сарф дилгирам.


Сӯят, эй кӯзаи лабташна, дар ин роҳи хатир,
То диҳад оби бақо, баҳри савоб омад дил.
Дид печу хами зулфу каҷи абрӯи нигор,
Оҷиз аз як-ду даҳан рост ҷавоб омад дил.

пешина
аз 151
навбатӣ