Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Қалам бозичаи савдои мо шуд,
Лабаш ҳамроз бо лабҳои мо шуд.
Ба ҷойи ёр бӯсидем то субҳ,
Қалам дар интиҳо Лайлои мо шуд.


Зи пушти Кӯҳи Қоф омад муҳаббат,
Зи қаъри қалби соф омад муҳаббат.
Зи чашм омад балоҳое, ки омад,
Зи айну шину қоф омад муҳаббат!


Муҳаббат дурру уммонаш дилам буд,
Муҳаббат атру райҳонаш дилам буд.
Дилам куллу муҳаббат ҷузве аз он,
Муҳаббат мулку султонаш дилам буд.


Дилам хуршеду анвораш – муҳаббат,
Дилам чун нуқта, паргораш – муҳаббат.
Дилам бемори чашми ёри маҳрӯ,
Парастораш, парастораш – муҳаббат.


Диламро гурги ҳиҷрон мехурад боз,
Шикасти аҳду паймон мехурад боз.
Вуҷуди хастаамро реза-реза,
Даду деви пушаймон мехурад боз.


Дилам боғу муҳаббат – рангу бӯяш,
Дилам роҳу муҳаббат – чор сӯяш.
Дилам – махмуру масту ринду айёш,
Муҳаббат – соқиву нуқлу сабӯяш!


Ҳабиби шурбу соғар мекунад Ишқ,
Шаҳаншаҳро қаландар мекунад Ишқ.
Ба шаҳри худ, миёни хешу пайванд,
Ғариби бӯсаи тар мекунад Ишқ!


Ба дил баҳри тавоф омад муҳаббат,
Аҷаб афсонабоф омад муҳаббат!
Ба саҳни қалби ман олуда бо хун,
Зи майдони масоф омад муҳаббат!


Дили ман нахл буд, афшонда рафтӣ,
Начидӣ меваҳояш, монда рафтӣ.
Ба лабҳо ханда, хондӣ шеъри Ҳофиз,
Дубайтии маро нохонда рафтӣ!


Қасам хӯрдам, дигар ошиқ нагардам,
Ки гар ошиқ шавам, дигар на мардам!
Қасамҳоро ба назди дил ниҳодам,
Қасамҳо ҳам шикаст аз захму дардам.


Шаби торики мо бадре надорад,
Нишасти шеъри мо садре надорад.
Дар ин бозори навбунёди қаллоб,
Куҳанколои мо қадре надорад.

пешина
аз 151
навбатӣ