Ақли бунафш

ДУБАЙТИҲО
Қалам, эй хушбаёнтар аз ману ишқ,
Қалам, эй роздонтар аз ману ишқ!
Забони воҳиде бар мо бубахшо,
Қалам, эй ҳамзабонтар аз ману ишқ!
Аҷоиб нағмае сар мекунад Ишқ,
Биёбонро муъаттар мекунад Ишқ.
Агар дар ихтиёри ӯ супорӣ,
Ҷаҳонро пур зи Ҷаъфар мекунад Ишқ!
Ҳисори ақлу динамро шикастӣ,
Дили ишқофаринамро шикастӣ.
Гиреҳ накшода аз байти ду абрӯт,
Дубайтии ҷабинамро шикастӣ.
Дилам банду дилам банди Бухорост,
Вуҷудам решапайванди Бухорост.
Нигорам аз Бухорои Самарқанд,
Дили ман аз Самарқанди Бухорост.
Муҳаббат ранҷу ранҷураш дилам буд,
Муҳаббат ганҷу ганҷураш дилам буд.
Муҳаббат хамру махмураш дилам буд,
Муҳаббат дору Мансураш дилам буд.
Дилам киштиву дарёяш – муҳаббат,
Дилам имрӯзу фардояш – муҳаббат!
Муҳаббат дашти бепоён, дилам – Қайс,
Дилам Маҷнуну Лайлояш – муҳаббат!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё