Ақли бунафш

Гар ёр маро ба худ раво донад, бас,
Бегона надонад, ошно донад, бас!
Розест миёни мо, қалам маҳрам нест,
Ман донаму ӯ, дигар Худо донад бас!
Бар ҳоли табоҳи ту дилам месӯзад,
Бар ҷурму гуноҳи ту дилам месӯзад.
Чун бахти сиёҳи ту ба ёдам ояд,
Бар чашми сиёҳи ту дилам месӯзад.
Аз хоб мапурс, хоби мо бехобист,
Дил бурдану дил додану ҳам дилёбист.
Майхора шудему нархи май гашт гарон,
Мо дузд шудему шаб шаби маҳтобист.
Дунёст, вале ҷой ба дунё нашавад,
Дарёсту маҳдуд чу дарё нашавад.
Ҷоест, ки дар хотираи нақшае нест,
Роҳест, ки ҷӯяндашу пайдо нашавад.
Эй олами ҷону ҷони олам, боз о,
Эй марҳами ҷону ҷони марҳам, боз о!
Номаҳраму ғайр аст маро ҷуз Ту ба даҳр,
Эй маҳрами ҷону ҷони маҳрам, боз о!
Сахт аст, бидонӣ, ки надонӣ чӣ шавад?
Талх аст, надонӣ, ки бидонӣ, чӣ шавад?
Боре, ки ба дӯш мекашӣ, бар манзил
Боре зи қазо гар нарасонӣ, чӣ шавад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё