Ақли бунафш

Аз хона баро, биншин бар бом, тамошо кун:
Ин қисса чӣ хоҳад шуд фарҷом, тамошо кун!
Дил рафт ба меҳмонӣ бо даъвати султонӣ,
Афтод ба осонӣ дар дом, тамошо кун!
Аз нанг гузар кардӣ, аз ҷанг гузар кардӣ,
Ҷаъфар, бигузар акнун аз ном, тамошо кун.
Қадри боздастиро дасти баста медонад,
Шавкати саёҳатро ҷонишаста медонад.
Қаҳва талх менӯшад таъми хастагиямро,
Қадри хастаро, оре, ёри хаста медонад.
Бо иродаи оҷиз мо куҷову дасти пир?
Расми дастбӯсиро обдаста медонад.
РУБОИЁТ
Ман ояти ишқи Холиқи кайҳонам,
Ман моҳияту мухотаби Қуръонам.
Сад бор бигуфтаам туро, эй ҳастӣ:
Дар колбади вуҷуди ту ман ҷонам!
Бо дарди ту ором нахуфтам, Ватанам,
Ҷуз васфи ту як ҳарф нагуфтам, Ватанам!
Аз хоки ту берун чу нарафтам, Ватанам,
Бо хоки гулафшони ту ҷуфтам, Ватанам!
Ганҷинаи васл ҷустам аз синаи хок,
136
Фарҷом шудам бадал ба ганҷинаи хок.
Ойинаи ман хоки Ватан буд, инак,
Дар синаи ишқ гаштам ойинаи хок.
Бар рӯйи ту ҳар рӯз назар хоҳам кард,
Бар шаҳри ҷамоли ту сафар хоҳам кард.
Ҷуз рӯйи ту бар ҷамоли зеборӯён,
Ҳатто ки зи як назар ҳазар хоҳам кард.
Дар кӯйи ғарибони ту ман ҳастам, ман,
137
Дар силки ҳабибони ту ман ҳастам, ман.
Ҳайратзада чун сӯзанаке зору ҳақир,
Дар чоки гиребони ту ман ҳастам, ман.
136
Фарҷом – оқибат, ниҳоятан, охири кор.
Силк – қатор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё