Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

НИМАҒАЗАЛҲО

Баъд аз ҳама хомӯшӣ гуфтор муборак бод!
Эй ғолиби нафси худ, ифтор муборак бод!
Танҳо на даҳон бастӣ, бал чашму забон бастӣ,
Ин дида, ки инак, шуд бедор, муборак бод!
Аз нийяти нек ояд ҳар як амали некат,
Эй некдилу некӯпиндор, муборак бод!


Қарзе ман, эй хасисон, шукр, аз шумо надорам!
Ҳатто ба душмани худ онро раво надорам.
Аз содагии ман буд ин бохтҳо, ки дидӣ,
Бар дарди кӯҳнаи худ илло, даво надорам.
Ман ҳар чӣ қарз хоҳам, аз ғайб мерасонад,
Маҳбуб дар ду дунё ғайр аз Худо надорам!


Чошние аз лабат гар армуғон медоштам,
Доғҳое дар дилам кай арғувон медоштам?
Бо камони абрувонат мешикастам кибри хеш,
Рустам ар мебудаму тиру камон медоштам.
Дар хаёли холи ту гум мешудам то субҳдам,
135
Чун Лисонулғайб агарчӣ ҳамзабон медоштам.


Бар Чочи дили ташнаам аз сӯи Самарқанд,
Бо нони Самарқанд расад бӯи Самарқанд.
Мардум ҳама ҳайратзадаи ҷодаи Ҷидда,
Ҷиддан дили ман банд ба ҷодуи Самарқанд.
Дил ташнаи як ишваи бонуи Бухоро,
Ҷон гушнаи холи лаби гулрӯи Самарқанд.

Лисонулғайб – Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ.

пешина
аз 151
навбатӣ