Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Шоириву
Олимии ман барои ҷаъфи ман нест!

Муҳтасиб!
Эй бо забони дил рақиб!
Зиндаам ман,
Пой бар ҷо ҳамчу кӯҳам,
Шавкату шаъну шукӯҳам,
Коваам бар пушти кӯҳ
Даст дар банди дурафшам!

Эй гадои зар,
Ғосиби сармояҳои Осиё!
Раҳзани бемояи ганҷинаҳои Ориё!
Инак, аз ман заъфнолие маҷӯ,
Инак, аз ман жожхоие махоҳ!
Хастаам аз нақли нақли нақли нақл,
Меравам, ёдам ба хайр, инак, ба сӯйи Ақли Ақл!
134
Ақли Ақлам шуълае аз “Ақли сурх”-и Шайхи мақтул,
Ламъае аз ақли Синост.
Ақли Ақли ман ҳамон Ирфони Мавлоност,
Ақли Ақли ман ҳамон Ақли бунафш аст!
Ақли Ақли ман шукӯҳи Рустаму Рахшаш,
Ақли Ақли ман ҳамон Исмоили Сомонияст,
Ақли Ақли ман ҳамон Кова-ст, дар дасташ дурафш аст!

Тошканд, 20 марти соли 2024

133 Ҷаъф (ар.) – яъне: “афкандан ва бар замин задан”; “баркандан ва биафкандан”; “баркандан ва аз реша баровардан дарахтро” (“Луғатномаи Деҳхудо”).
Шайхи мақтул – лақаби Шайх Шаҳобиддини Суҳравардӣ.

пешина
аз 151
навбатӣ