Ақли бунафш

Аз куҷоӣ?
Кистӣ, ки ман забонатро намедонам?
Кистӣ, ки ту забонамро намедонӣ?
Ой, Ту, эй ғарби қалби шарқии ман!
Ой, Ту, эй шарқи ақли ғарбии ман!
Тошканд, 30 апрели соли 2023
ДАР БУХОРО НЕСТАМ...
Дар сӯги Асад Гулзодаи Бухороӣ
Хотирам озурда, яъне, маҳфилоро нестам,
Бо дили бишкаста бар коре, ки коро нестам.
Шери шеъри порсӣ, рафтӣ зи модаршаҳри мо,
Дар Бухоро бе ту акнун дар Бухоро нестам.
Бо ту ман аз Оли Сомон нима давлат доштам,
Чун ту ҳам рафтӣ, Асад, дигар, ки доро нестам...
Тошканд, 29 майи соли 2023
АҚЛИ БУНАФШ
Шабнамам, оби таҳорат
Аз дилам хуршед мегирад ва мехонад намози бомдод.
Атри ишқам,
Мебарад ошуфтагиҳои сари зулфи нигор аз ёди бод.
Қатраам,
Аз чашмаи чашмони Деваштич.
Чакраам,
Як чакра аз боми баланди кохи бепоёни Иронвиҷ.
Ман, ки Ишқам,
Ишқи покам,
Ман, ки ашкам,
Ашки токам,
Ман, ки Шеърам,
Шеъри нобам,
Решапайванд аст шеърам
Бо “Авасто”.
Бо “Дарахти Асурик”-у “Бундаҳишн”-у “Динкард”.
Ман, ки илмам,
Офтобам!
Решапайванд аст илмам бо нубуғи Зардуҳишт,
Илми ман сарчашма мегирад зи ақли пури Сино.
Эй муҳосиб!
Эй уфули ақл,
Эй ғуруби Ишқ!
Ошиқиву
Шоириву
Олимии ман далели заъфи ман нест!
Ошиқиву

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё