Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ту (дақиқан нест дар ёдат) ба қалби ҷангали анбӯҳи Гелон буд ё бар сарсабзии Мозандарон, кардӣ нузул.
Ман садо кардам туро, аммо намедонам, чӣ лаҳне буд, дар шабҳо шикаст, Безабон будам, фироқат шоирам кард.
Ту садо кардӣ маро, аммо намедонӣ, чӣ лаҳне аз гулӯят ҷаст.
Якдигарро ҷустуҷӯ кардем,
Бо забони безабонӣ дар дили худ гуфтугӯ кардем.
Роҳ пӯйидем танҳо
Дар дили дашту даманҳо.
Гоҳ дар сармо,
Гоҳ дар гармо.
Гоҳ палмосида рафтем,
Гоҳ бо поҳои омосида рафтем...
Хира-хира мерасад бар ёди ман: чандин ҳазора ҳамдигарро кофтем...
Ҳамдигарро ёфтем...
Безабон будам, висолат шоирам кард.

Аз замоне, ки Туро аз шонаи чаппам кашиданду ба рангу сурати ман халқ карданд,
Шонаи чаппам каме ноқистар аст.
Аз замоне, ки тани урёни моро бо матоъи шарм зери далқ карданд,
Мисли Қақнус
Зодгоҳам оташу хокистар аст.
Ҳар замон месӯзам, аз хокистари худ боз эҳё мешавам,
Чашми ман бар чашми ҷодуят чу афтад, боз шайдо мешавам.

пешина
аз 151
навбатӣ