Ақли бунафш

Захмҳои ту басо носуранд.
Аз назарҳои ба ҳирс олуда
Захмҳои ту басо мастуранд.
Оҳ, садоҳои ғариб аз қафаси синаи ту,
Дар навопардаи Тӯрони ҳазини дили ман мерезад.
Нолаҳои найи ҳиҷроншиканат, Тӯрондухт,
Дар саропардаи Эрони ҳазини дили ман мерезад.
Ману ту дуртарин наздикем,
Ману ту,
Оҳ, ки наздиктарин дур...
Ой, эронисанами миллати Нур!
Ой, тӯронисанами уммати Нур!
Тошканд, соли 2016
УСТУРА
Аз куҷои нокуҷоҳо омадӣ?
Аз кадомин сӯйи бесӯӣ ба қалби ман бидуни тақ-тақи дарвоза ё занги иҷозат сар задӣ?
Кистият кист? Ишрофе надорам!
Кистӣ, ки хашмҳоям дар нигоҳат об мегардад?
Буғзҳоям дар хами ҷаъди ту мепечад, Оҳҳоям дар лаби лаъли ту шодобу саъодатёб мегардад?
Чистият чист? Ишрофе надорам!
Чист дар чашмат, ки мебинам дар он марди асиреро?
Дар лабонат чист, ҳар як лаҳза мемиронаду ҳар як лаҳза ҷон мебахшадам?
Чист дар савти садоят, к-аз фақире бозмесозад амиреро?
Дину кешат чист? Насронӣ? Яҳудӣ? Буддоӣ?
Ё ки Ислом?
Ё Даосӣ?
Ё ки Ҳиндӣ?
Ман муриди Шайхи Санъонам, надорад
Арзише ин баҳси мубҳам – бохудо ё бехудоӣ...
Ой, Ту, эй ғарби қалби шарқии ман!
Ой, Ту, эй шарқи ақли ғарбии ман!
Ман шимолӣ нестам, бо ман чунон сардӣ макун!
Ман ҷанубӣ нестам, бар ман чунон оташ мазан!
Ҳар ду аз дунёи Боло омадем, Яъне аз куҷои нокуҷое уфтодем.
Ман (дақиқан нест дар ёдам) сари як сахраи кӯҳи Ҳимолой омадам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё