Ақли бунафш

ТӮРОНДУХТ
Эҳдоие ба духтарони тоҷик
...Ва чу оҳанги най ояд зи найистони ту, эй Духтари
Тӯрон,
Хабари Ишқ расад
Аз куҷозору кайистони ту, эй Духтари Тӯрон.
Ва агар дар лаби ту
Як шакарханд ба оне бидурахшад,
Дар дили ман
Осмоневу заминеву ҷаҳоне бидурахшад,
Каҳкашоне бидурахшад.
Чу ба Дарёи Ғазал ғӯта занӣ,
Ту ба Асрори Азал ғӯта занӣ.
Дили ман масту ғазалхон шуданист,
Бо лабони шакарафзои ту, эй Тӯрондухт.
Ҷони ман васл ба Ҷонон шуданист,
Бо забони шакарафзои ту, эй Тӯрондухт!
Чӣ кунам?
Медонам:
Чашмҳои ту басо бедоранд,
Чашмҳои ту басо ғамхоранд.
Дар миёни ҳама ин бедардон
Чашмҳои ту басо беморанд.
Ой, суғдинигаҳи меҳрпараст,
Баски бо чашми ту хуршед шафақ меборад,
Шерро ҷуръати як теғи нигоҳи ту куҷост?
Ой, суғдиназари шамънавоз,
Шомро фурқати як чашми сиёҳи ту куҷост?
Ман ба дунёи даригуфторон,
Масттаре аз ту надидам, ки шугуфтӣ бахшад.
Ман ба савдокадаи нестиву ҳастиҳо
Ҳасттаре аз ту надидам, ки шугуфтӣ бахшад.
То куҷозори макон,
То кайистони замон,
Инчунин дурии наздики туро ҳазм кунам?
Ман, ки аз хиттаи Хоразм наястам,
132
Ба чӣ наҳв бо боди хунук ҷониби ту азм кунам?
Чӣ кунам?
Медонам:
Дардҳои ту басо деринанд,
Дардҳои ту басо сангинанд.
Дардҳои ту басо рангинанд,
Дардҳои ту басо ширинанд.
Гар ту Симурғ набудӣ, ба чӣ наҳв
То ба Эрони ҳазини дили ман бол задӣ?
Ё набудӣ агарам мурғи Ҳумо, бо чӣ қарор
То ба Тӯрони ҳазини дили ман бол задӣ?
Офаринат, ки гирифтӣ ба каманд
Пури Рустам ба ҳама ёлу бараш.
Инак, аз даст мадеҳ, Гурдфариди дили ман,
Гардани Суҳробатро,
Ки мабодо, раваду боз ба дасти падараш...
Чӣ кунам?
Медонам:
Захмҳои ту басо ранҷуранд,
132
Ишора ба мисраъи устод Рӯдакӣ: “Боди хунук аз ҷониби
Хоразм вазон аст”.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё