Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дер шуд,
Соати ман занг назад,
Макри ғанаб
Чашми варо бурда ба хоб.
Ҷомадони сафарам кӯҳнаву холиву хароб.

Оҳ, дерест дар ин шаҳри ҳавасҳои азим
Шудаам банду асир.
Оҳ, дерест, ки раҳ мебинад
Тифли уммеди ман ояндаи дер...

Роҳ куҷост
Ки ба Ту қиссаи дурии маро шарҳ кунад,
Ва зи ман қиссаи дурии Туро бистонад?
Рӯд куҷост
Ки нафасҳои ғазалрези Туро машқ кунад
Ва ба гӯшам ғазали Рӯдакиро бархонад?
Бод куҷост
Ки шамиме зи сари зулфи Ту барангезад
Ва ғубори сари мижгони маро афшонад?

Боғ куҷост
Ки таҷаллии ҷамиле зи ҷамоли Ту кунад
Ва ба ман чашми тамошо бидиҳад?
Кӯҳ куҷост
Ки таҳаммулкадаи бори фироқи Ту шавад
Ва маро дар дили худ ҷо бидиҳад?

Ҷомадони сафарам мебояд,
Пур зи ғазал,
Пур-пури роз,
Наву зебову азим,
Наву зебову азим.
Ҷомадони сафарам мебояд,
Пур зи наво,
Пур зи ниёз
Ба Худованди карим,
Ба Худованди карим...
Тошканд, 22 октябри соли 2016

пешина
аз 151
навбатӣ