Ақли бунафш

БОЗ БОРОН...
Боз борон,
Боз борон...
Бо тарона,
Бо навое
Ошиқона
Мезанад бар боми хона,
Бо фусуну
Бо фасона!
Боз борон,
Боз борон...
Мечакад бар лолаҳои ёлаҳо.
Мекунад гул
Дарду ҳасратҳои ман
Бо шукӯҳи лолаҳо.
Дар лабонам
Мекушояд
Ғунчаи табхолаҳо!
Боз борон,
Боз борон...
Гард мешӯяд зи дилҳо.
Баъди сармои зимистон
Ҷодуҳои сард мешӯяд зи дилҳо.
Дард мешӯяд зи дилҳо...
Боз борон,
Боз борон...
Бо тарона,
Бо ҳама чангу чағона
Мезанад бар боми рӯҳам
Ошиқона,
Ошиқона...
Ой, борон,
Ой, борон!
Ой,борони баҳорӣ!
Бар дилам борӣ, наборӣ?!
Тошканд, 10 апрели соли 2014
ҶОМАДОНИ САФАР
Роҳҳо
Бо табу тоб
Дар каминанд, расад аз дили Рӯъёи Кабир Шаҳрванди ғарибе, ки ғазалпардоз аст, Ва қадамҳои арӯзии сафаркардаи танҳоро 130131 Бо зиҳофоти ғарибонаи абҳори азиме чу тавил Бишуморанд ва ё раҳн кунанд.
Ва ба зери қадамаш қиссаи бисёр дарозе, ки гули пазмонист, Паҳн кунанд.
Рӯдҳо
Ташналабанд,
Ки дили ташнаи як марди ғарибе ба кафе оби зулол
Бинавозанд.
Бодҳо
Дар тарабанд,
Ки сару рӯйи ғарибонаи ин марди мусофир ба хаёл
Бинавозанд.
Боғҳо
Дар талабанд,
Ки фурӯрафтагии чашми ғарибонаи ӯро ба ҷамол
Бинавозанд.
Кӯҳҳо
Мунқалибанд
Ки ба вазнинии як санги суол
Бинавозанд...
130
Абҳор – баҳрҳо (баҳрҳои вазни арӯз).
Тавил – баҳри тавил. Дарозтарин баҳр дар вазни арӯз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё