Ақли бунафш

Ман чистам ба ғайри адам бе вуҷуди Ту?
Эй Ваҳдати вуҷуд!
Кӣ гуфт, як дақиқа Ту аз ман ҷудостӣ?
Имшаб куҷостӣ?
Тошканд, 15 августи соли 2012
ОФТОБИ ДАР ЗАМИН
Самарқанд офтобе дар Замин аст,
Ки бо нураш мунаввар мешавад Шарқ.
Самарқанд Оби Раҳматбори ишқ аст,
Ки бо файзаш ҳама тар мешавад Шарқ.
Самарқанд асли асли мушки ноб аст,
Ки бо атраш муъаттар мешавад Шарқ.
Самарқанд ибтидои ибтидоҳост,
Ки бо оғози ӯ сар мешавад Шарқ.
Ба авҷи шавкату ҳусну латофат,
Куҷо бо ӯ баробар мешавад Шарқ?!
Тошканд, 23 августи соли 2012
ДУЪОИ ПАДАР
Накҳати Макка мерасад
Аз лаби доманат, Падар!
Субҳи Мадина медамад
Аз рухи равшанат, Падар!
Даст кушода хостӣ
Бар сари мо дуъо, Падар!
Дасти дуъо мабод ҳеҷ
Аз сари мо ҷудо, Падар!
Қалби бузурги ту бувад
Маншаи маърифат, Падар!
Дар нигаҳат бувад ниҳон
Мабдаи оқибат, Падар!
Ишқ навид медиҳад
Аз дару равзанат, Падар!
Рӯзи саъид мерасад
Бо рухи равшанат, Падар!
Тошканд, 16 октябри соли 2012

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё