Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ТАЛВИН

Дер шуд,
Соати ман занг назад,
Макри ғанаб
Чашми варо бурда ба хоб.
Ҷомадони сафарам кӯҳнаву холиву хароб.
ХИТОБАЕ БА БАҲОР

Ой, Наққош!
Ой, Рассом!
Лаб-лаби ҷӯ,
Сар-сари бом,
Баччагиямро чӣ сон тасвир кардӣ?

Ой, Банно!
Ой, Меъмор!
Сар-сари сақф,
Рӯйи девор
Хотиротамро чӣ сон таъмир кардӣ?

Ой, Чашма!
Ой, Дарё!
Шаҳду ширин,
Ҳам мусаффо
Хобҳоямро чӣ сон таъбир кардӣ?
Тошканд, баҳори соли 2011
ИМШАБ КУҶОСТӢ?

Мустазод

Эй он ки дардҳои диламро давостӣ,
Имшаб куҷостӣ?
Бегона бо ману ба дилам ошностӣ,
Имшаб куҷостӣ?

Бо он ки ман ғариқи гуноҳам мусалламан,
Эй баҳри мағфират!
Бахшандаи карими гуноҳу хатостӣ,
Имшаб куҷостӣ?

Ман кистам, ки дам бизанам дар ҳузури Ту,
Эй Нотиқу Самеъ!
Ҳарчанд ғоибӣ, ҳама ҷо, ҳар куҷостӣ,
Имшаб куҷостӣ?

Розистам, бар дари таслим-сар ниҳам,
Эй Равзаи ризо!
Оё ба лутфи хеш Ту аз ман ризостӣ?
Имшаб куҷостӣ?

Эй боди боди боди сабо, атри отифа,
Эй накҳати азал!
Аз чист, бо маниву зи дастам ҷудостӣ,
Имшаб куҷостӣ?

Эй най, дамида бар дилу руҳам навои Ишқ!
Бо нафхаи латиф!
В-эй Руҳи лоязал, ки маро ҳамнавостӣ,
Имшаб куҷостӣ?

пешина
аз 151
навбатӣ