Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ман он шеърам, забон бикшода аз қалби мусаффоят,
Ман он талвини ҳолатҳоям аз гулхонаи чашмат.
Нигоҳатро шамидам, бӯстонӣ шуд вуҷуди ман,
Ман он ҳушёрам аз як ишваи мастонаи чашмат.
Ҳамоно Ҷаъфарам, девонаи фарзонагиҳоят,
Ҳамон фарзонаам, к-охир бишуд девонаи чашмат.
Тошканд, 18 январи соли 2024
ОРОМ ҲАМ ШУДАМ
Як давра буд, мунтазири шом ҳам шудам,
Бо мӯйи мушкфоми ту хушком ҳам шудам.
Муштоқи як нигоҳи ту рафтам ба сайри кӯҳ,
Афсун ба ҷилваи гули бодом ҳам шудам.
Гуфтам: дигар ба чашми ту бовар намекунам!
Бо пухтагӣ дубора вале хом ҳам шудам.
Як давра буд, маст шудам аз лабони ту,
Як рӯзгор масти лаби ҷом ҳам шудам.
Як рӯзгор нома ба номат навиштаву
Дар интизори як хату пайғом ҳам шудам.
Як давра буд халқ ба нон ёфтан ҳарис,
Аммо мани ғариб пайи ном ҳам шудам.
Як рӯзгор дар бари рӯбаҳмизоҷҳо
Бе ҳеҷ як гуноҳ, ки бадном ҳам шудам.
Баъд аз ҳазор шӯришу исёну инқилоб,
Дар инзиво нишаставу ором ҳам шудам...
Тошканд, 9 апрели соли 2024

пешина
аз 151
навбатӣ