Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ЧАРО НАМЕОЙӢ?
Харобу парешон шудаам, чаро намеойӣ?
Малулу пушаймон шудаам, чаро намеойӣ?
Чу мӯри ҳақирам, бинигар, ки муқтадир шоҳе
Ба дасти Сулаймон шудаам, чаро намеойӣ?
Чу шамс, ки берун шуда аз ғубори меҳолуд,
Дубора дурахшон шудаам, чаро намеойӣ?
Кавири хаёлоти калахчбастаам гул кард,
Дубора гулистон шудаам, чаро намеойӣ?
Зи толеъи пастам, ки чи сахт бар замин биншаст,
Чи сахт, ки пазмон шудаам, чаро намеойӣ?
Умеди висолат ба ду чашми ман фурӯғе дод,
Чароғи шабистон шудаам, чаро намеойӣ?
Гузашта калисову куништро ба сахтиҳо
Дубора мусалмон шудаам, чаро намеойӣ?
Тошканд, 4 январи соли 2024
МАН ОН ЗАВҚАМ...

“Ман ин ҷисм нестам, ки дар назари ошиқон манзурам, балки он завқам ва он хушиям, ки дар ботини муридон аз каломи ман сар мезанад. Аллоҳ! Аллоҳ! Чун он дамро ёбӣ ва он завқро бичашӣ, ғанимат медор ва шукрҳо мегузор, ки ман онам”.

129
Мавлавӣ

Ман он нурам, ки ҷорӣ мешавад аз хонаи чашмат,
Ҳам он шамъам, ки гирдаш мепарад парвонаи чашмат.

Ман он шаҳдам, ки бо мавҷи табассум аз лабат резад,
Ҳам он шурбам, ки резад аз лаби паймонаи чашмат.

Ман он завқам, ки бо тазриби қалбат меҷаҳад берун,
Сурурам, гашта ҷорӣ аз таманнохонаи чашмат.

Ман он мӯрам, ки дар дасти сулаймонии ту шоҳ аст,
Ва ё мӯре, ки ҷон коҳад ба зери донаи чашмат.

Ман он риндам, ки даст афшонда бар ҳар чӣ ки ғайр аз туст,
Ман он мастам, ки маст аст аз майи майхонаи чашмат.

Ҳамон як қаҳрамонам, ворасида з-орзӯҳоят,
Ҳам он шаҳзодаи дилдодаам з-афсонаи чашмат.

Ман он дарвеши дилрешам, ба ҳусни ҳузнат оғушта,
Ҳам он шоҳам ба рӯйи тахт дар кошонаи чашмат.

129 Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ. Нафаҳот ул-унс мин ҳазарот ил-қудс. / Муқаддима, тасҳеҳ ва таълиқоти доктор Маҳмуд Обидӣ.
– Теҳрон: “Сухан”, 1386. – С.462.

пешина
аз 151
навбатӣ