Ақли бунафш

СУБҲАТ БА ХАЙР!
Эй тулӯъи рангу бӯ, субҳат ба хайр,
Офтоби обрӯ, субҳат ба хайр!
Орзӯҳои маро бо худ мабар,
Орзӯи орзӯ, субҳат ба хайр!
Ман туро дар хобҳоям хостам,
Мижжаам н-омад фурӯ, субҳат ба хайр!
Рӯйи шаб испед кардам, рӯйи ту
То бубинам рӯбарӯ, субҳат ба хайр!
Байти мақтаъ қатъ шуд бо матлаъат
То бишустам дасту рӯ... Субҳат ба хайр!
Ёди абрӯят ба меҳмонӣ расид,
Монд байтам дар гулӯ... Субҳат ба хайр!
“Шаб ба хайр”амро нагуфтӣ як сафар,
Ин саҳар бо ман бигӯ: “Субҳат ба хайр”!
Дар дили Ҷаъфар лабат эҷод кард
Растахези гуфтугӯ. Субҳат ба хайр!
Тошканд, 10 ноябри соли 2023
АЗ ТУНДБОДИ ҲОДИСА...
Аз тунбоди ҳодисаҳо хӯса хас шавад,
Гар мӯр пар бароварад, охир магас шавад.
Оташ зи кин ба хонаи ойина мезанад
Гӯгирд гар ба хирасаре дастрас шавад.
Маймун куҷо ба ҷома шавад одаме шариф?
Нокас куҷо ба мартабаву ҷоҳ кас шавад?
Борида барф, зоғ ба ар-ар нишастааст,
То ҷонишини каргаси соҳибнаҷас шавад.
Бо дузд рӯбарӯ шаваду Хизр бишмарад,
Шабкӯр гар накарда худояш, асас шавад.
Аз қавми золим ояти адл орзӯ макун,
Ҷодудаме аҷуза масеҳонафас шавад?!
Ҷаъфар, умед аз санами сангдил мадор,
Кай аспи рӯйи тахта биёяд, фарас шавад?
Тошканд, 10 декабри соли 2023

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё