Ақли бунафш

НОМАЕ БА БЕНОМЕ
Биншин нафасе, бародари ман,
Ором нафас бикаш бари ман!
Ин қадр ҳаёҳуи ту аз чист?
Аз чист, ба по задӣ дари ман?!
Аз чист, ки омадӣ ба даъво
Бо мушти фишурда бар сари ман?
Ин ҷаҳли мураккаби ту аз чист?
Дашном диҳӣ ба хоҳари ман?!
Ин кибри муаззами ту аз чист?
Боло шудаӣ баробари ман?!
Аз чист, ки сояам тарошӣ,
Ҳар лаҳза зи бораву дари ман?
Ман шири туро нахӯрда будам,
Шират, ки надода модари ман.
Ман нон зи даҳони ту набурдам,
Даъво бикунӣ ба нонвари ман.
Ҳарфе накашидам аз даҳонат,
То ҳамла кунӣ ба минбари ман.
Аз дасти ту ман қалам набурдам,
К-оташ бизанӣ ба дафтари ман.
Бар дилбари ту назар накардам,
То чашм занӣ ба дилбари ман.
Бар маснади ту ҳасад накардам,
Гардӣ ба ҳасад ба меҳвари ман.
Бо сад гунаҳу ҳазор нуқсон,
Аҳсант, ки гашта довари ман!
Бо ин дили кӯру ақли кӯтоҳ,
Рав, ҷуфт бигард бо хари ман!
Тошканд, 10 октябри соли 2023

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё