Ақли бунафш

ТАРДУ АКС
Гоҳе шоҳе дар гоҳе,
Дар гоҳе шоҳе гоҳе.
Шоҳе гоҳе дарвеше,
Дарвеше гоҳе шоҳе.
Коҳе гоҳе ҳам кӯҳе,
Кӯҳе ҳам гоҳе коҳе.
Моҳе гоҳе моҳие,
Моҳие гоҳе моҳе.
Даргоҳе гоҳе доре,
Доре гоҳе даргоҳе.
Бадхоҳе гоҳе ёре,
Ёре гоҳе бадхоҳе.
Огоҳе гоҳе гӯле,
Гӯле гоҳе огоҳе.
Худхоҳе гоҳе хеше, 128 Хеше гоҳе худхоҳе...
Тошканд, соли 2023
127 Санъати “Тард ва акс”.
128 Ин ғазал дар яке аз баҳрҳои нодири вазни арӯз – баҳри Рамали мусаддаси мушаъасси маҷҳуфи мусаббағ суруда шудааст:
_ _ _ / _ _ _ / _ мафъӯлун/мафъӯлун/фоъ.
ШИРИ СУБҲ
Маҳду кӯдак. Мушку анбар. Шири субҳ.
Медамад бо шири Модар шири субҳ.
Модар, эй моҳи шабу меҳри саҳар!
Кай ба шират шуд баробар шири субҳ?
Бар сарат, Модар, магар шоҳи фалак
Рехта бо косаи зар шири субҳ?
Субҳ бо шири рухат гашта мунир?
Карда ё рӯят мунаввар шири субҳ?
Дар хаёлам, ширдӯшӣ рафтаӣ,
Медамад бо рӯят аз дар шири субҳ.
Дар кушодӣ, дар фазои хонаам
Гашт бо атрат муаттар шири субҳ.
Подабонӣ меравад ёдам сабоҳ:
Кӯҳу талро карда мармар шири субҳ.
Чӯбдастам мекашад шеъри тавил,
Раҳ сафед аз меҳри Ховар, шири субҳ.
Бозмегардам ба хуршеди рухат,
Чун тулӯъи туст, Модар, шири субҳ.
Суфра. Нони гарм. Ширу шаҳду шеър.
Ман. Падар. Модар. Бародар. Шири субҳ.
Дар дуоям, Модаро, бинам туро
Дар канори Ҳавзи Кавсар... Шири субҳ.
Тошканд, 23 сентябри соли 2023

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё