Ақли бунафш

САРИ ХУД ДАР БАҒАЛ ДОРЕМ...
Гираҳ бикшо зи абрӯвону ҳал кун мушкили моро,
Ки маъноҳои байтат карда ҳар дам хун дили моро.
Кишоварзони ишқем, аз самар уммедворонем,
Масӯзон бо нигоҳе хирмани хушҳосили моро!
Даруни ҳосидон кирми ҳасад ҷунбад тамоми шаб,
Фурӯзон кирми шабтобе кунад гар маҳфили моро.
Сари худ дар бағал дорему бехуд роҳ мепӯем,
Ки шояд бар тани бесар намояд қотили моро.
Ба манзил норасида кӯзаи мо дарз хоҳад рафт,
Малоик хом бисришт аз азал ё худ гили моро?!
Чу сар бидҳад сари моро ба саҳро, гург хоҳад хӯрд!
Хурад ҳар лаҳза гурги хоҷатарсуӣ дили моро.
Шабе дар хоб бо Ҷаъфар забони ғайби Ҳофиз гуфт:
Фурӯзон кист медорад чароғи манзили моро?
Тошканд, 14 майи соли 2023
ҲАМА ДАМ ТУРО БИЁБАМ...
Ғами ту нафас надорад, ки барояд аз гулӯям,
На димоғ монда, Модар, ки гули нишот бӯям.
На ба чашм фарқи ранге, на ба ком фарқи таъме,
На таносубу на мантиқ ба калому гуфтугӯям.
На тамоюле ба шеъру на тааммуле ба ҳикмат,
Ба маҳофили адибон ҳама рафта обрӯям.
Ба дуъои ту нишинам ҳама бомдод то субҳ,
Ки ту пар занӣ, биёӣ чу фариштае ба сӯям.
Ва фироқи ҷовидонат на калом дораду ҳарф,
Ки мани забонгирифта зи ғами фироқ гӯям.
Ва дилам бимурд бо ту, на ҳавас, на орзӯ монд,
Ба фано бирафт яксар ҷараёни орзӯям.
Ба кадом шаҳр рафтӣ, ки суроғае надорад,
Зи куҷо туро бихонам, зи куҷо туро биҷӯям?
Ба каломи порсият, ки зи ту бимонд мерос,
Қасамо, ки пос дорам, раҳи дигаре напӯям.
Ҳама дам туро биёбам, чу ба лафзи ту нависам,
Ҳама ҷо туро бубинам, чу ба лаҳни ту бигӯям...
Тошканд, 17 майи соли 2023

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё