Ақли бунафш

УМРИ ТУ, МОДАР...
Умри ту, Модар, ба пазмонӣ гузашт,
Чашм дар роҳам ба раҳбонӣ гузашт.
Хотири ман ҷамъ дар базми нишот,
Хотири ту бо парешонӣ гузашт.
Шомҳоям бо ғазалхониву ишқ,
Шомҳоят бо писархонӣ гузашт.
Бехабар аз ин ки меҳмонам туӣ,
Рӯзу шабҳоям ба меҳмонӣ гузашт.
Лаҳзае дар маҳзарат будам агар,
Неъмате буду ба султонӣ гузашт.
Мушкиле гар доштам дар зиндагӣ,
Бо дуоҳоят ба осонӣ гузашт.
Давлате будиву ман ғофил аз ин,
Войи умрам, ки ба нодонӣ гузашт!
Мерасад рӯзе, ки мегӯянд халқ:
Умри Ҷаъфар бо пушаймонӣ гузашт!
Тошканд, 11 августи соли 2022
МОДАРАМ МЕОЯД...
Гуфтам ба умед: Модарам меояд...
Як рӯзи саъид Модарам меояд!
Оғӯш кушода сӯйи ман нурафшон,
Чун субҳ дамид, Модарам меояд.
Дил рафт гулистону зи ҳар навъе гул
Гулдаста бичид: Модарам меояд!
Дар пушти дари баста нишастам, яъне:
Монанди калид Модарам меояд.
Дар боғ нишастаам ба уммеде, ки:
Як боғ навид, Модарам меояд.
Имрӯз баъид аст, дарояд аз дар,
Шояд, ки ба ъид Модарам меояд...
Тошканд, 4 декабри соли 2022

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё