Ақли бунафш

АЗ ДАСТ РАФТ ОХИР
Гиромитар зи ҷонам, Модарам аз даст рафт охир,
Аз ин дорулфано рахти сафар барбаст, рафт охир!
Чӣ сон гирям, забонам лолу чашмам кӯр гардидаст,
Чӣ сон сӯзам, ки бо дорулбақо пайваст, рафт охир.
Чӣ сон нолам, ки фарёд аз тани бедил намеояд,
Чӣ сон бошам, ки бо ӯ ҳар чӣ буду ҳаст, рафт охир!
Фақат мегуфт: дил кандан наметонам зи фарзандон!
Чӣ сон гӯям, ки аҳди хешро бишкаст, рафт охир?
Фақат мегуфт: дар фарҷоми корам дил қавӣ доред,
Худо нокарда надҳедаш варо аз даст... Рафт охир.
Куҷо рабте малакро бо ҷаҳони хок мебинем?
Малаксимои ман аз ин қафас вораст, рафт охир...
Музработ, 10 июли соли 2022
МОДАР
Шамиматро шудам пазмон, гули райҳони ман, Модар,
Насиме аз биҳишту Равзаи Ризвони ман, Модар!
Калиди раҳмати Раҳмону мифтоҳи дари Ҷаннат,
Асоси эътиқоду решаи иймони ман, Модар!
Зи ту омӯхтам фарқи миёни ҳаққу ботилро,
Ба ҳақ, ирфони ҳақомӯзи ман, Фурқони ман, Модар!
Зи умри хеш коҳидӣ, ки бар умрам биафзоӣ,
Биафзудӣ зи ҷони хештан бар ҷони ман, Модар!
Ту меҳмонӣ куҷо рафтӣ, ки дигар барнамегардӣ?
Набудӣ як-ду рӯзе бештар меҳмони ман, Модар!
Шудам пазмони рӯйи ту, Худо гӯям, ки хоб ояд,
Ба хоби ман биё, чун мешавӣ пазмони ман, Модар!
Ғазал гуфтан чӣ маъно дорад аз ин баъд, гар н-ояд
Ба гӯшам лаҳни қудсии ту: “Ҷаъфарҷони ман!” Модар...
Тошканд, 11 августи соли 2022

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё