Ақли бунафш

МАН
123 Сутудаам, ҳазор нуқсу иқтисор ҳам дорам, Ба аҷз шуҳраам, далели иқтидор ҳам дорам.
Ҷунайди вақтам, аз Китобу Сунна ҳуҷҷате дар даст, 124 Ҳусайнвор гаҳ ба сар ҳавои дор ҳам дорам.
Ба зери тозиёнаҳои ҷабри Дӯст мечархам, 125 Ба қадри чархи як ароба ихтиёр ҳам дорам.
Насаб намедиҳад дар ин замона обрӯе, лек,
Зи обрӯи рафта доғи мондагор ҳам дорам.
Хумори чашми ёр буду дил зи хамр баркандам,
Риё бувад, нагӯям ар ба сар хумор ҳам дорам.
Тошканд, 19 октябри соли 2021
123
Иқтисор – қусур, нуқсон, айб.
124
Ҳусайн – Ҳусайн ибни Мансури Ҳаллоҷ.
Ишора ба баҳси “Ҷабр ва ихтиёр” дар илми калом.
ҲОЛАТ ХУБ НЕСТ...
Хастаӣ, ширини ман? Бемор? Ҳолат хуб нест,
Ё ки будӣ то саҳар бедор? Ҳолат хуб нест!
Ё шудӣ пазмони ман, эй ҷони ҷони ҷони ман!
Чашмҳоят ташнаи дидор... Ҳолат хуб нест...
Ё зи неши каждумони каҷниҳод озурдаӣ?
Ё зи ҷабри чархи каҷрафтор ҳолат хуб нест?
Қанд мехоҳӣ, диҳам? Ё панд мехоҳӣ, диҳам?
Эй ту худ берун зи ҳар пиндор, ҳолат хуб нест...
Ман намедонам, чӣ гӯям? Баҳри таскинат чӣ ҷӯям?
Эй дили оганда бо озор, ҳолат хуб нест.
Аз чиву кӣ, аз куҷову кай, кадому чун, чӣ сон,
Эй ту шамсу мабдаъи анвор, ҳолат хуб нест?
Эй фурӯғи дидагонам, дарду ғамҳоят ба ҷонам!
Дил аз ин афкор шуд афгор: ҳолат хуб нест...
Дастҳоямро буриданд, аз паридан мужда шуд...
126 Боз ҳам бо Ҷаъфари тайёр ҳолат хуб нест?!
Тошканд, 28 феврали соли 2022
126 Ишора ба қиссаи Ҷаъфар ибни Абутолиб (24 қабл аз ҳиҷрат –
8 ҳиҷрии қамарӣ) мулаққаб ба Зулҷиноҳайн ва машҳур ба Ҷаъфари Тайёр – яке аз саҳобагон ва писарамуи Паёмбари ислом Муҳаммад (сав) ва ҳамчунин бародари бузургтари Алӣ ибн Абутолиб, ки чун дар ҷанги Мута аз ду дасташ ҷудо шуд, Паёмбари гиромӣ гуфт:
“Худованд ба ҷои он ду даст ду бол ато фармуд, ки бо онҳо дар биҳишт парвоз кунад”.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё