Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ин деви дуздхӯ сари ангушт мехурад,
Гар бозпас нигини Сулаймон намедиҳад.
122
Ҷаъфар, чу осиё зи пайи обу дона рав,
Зеро, ки рақси қофияҳо нон намедиҳад.

Тошканд, 20 августи соли 2021

122 Мазмуни ин мисраъ аз Сайидои Насафисист: “Бояд чу осиё зи пайи обу дона рафт”.
ШУДАМ
Гуфтӣ: “Ғариби рӯйи чу моҳам машав!” Шудам.
“Шабзиндадор бар сари роҳам машав!” Шудам.
Гуфтӣ: “Бидон, ки Чашмаи Хизр аст зулмате,
З-ин рӯ ғариқи чашми сиёҳам машав!” Шудам.
Гуфтӣ: “Умед бар сафи мижгони ман мабанд!
Қурбони фитнаҳои сипоҳам машав!” Шудам.
Гуфтӣ: “Ба Карбало мараву бар бало мапеч!
Охиршаҳиди теғи нигоҳам машав!” Шудам!
Гуфтӣ: “Магӯ ҳадиси фироқам, асири ман!
Боис ба атлу қатли рифоҳам машав!” Шудам.
Гуфтӣ: “Бишав шарики савобам, бирав зи дар,
Ҷаъфар! Маё, шарики гуноҳам машав!” Шудам!
Тошканд, 21 августи соли 2021

пешина
аз 151
навбатӣ