Ақли бунафш

Бе ҳеҷ ваҷҳ бар сари ман санги иттиҳом Бо ишваю карашмаи худ, эй санам, мазан!
Як рӯз мерасад, ки қасам мезанад туро, Бар сина мушт ҳам бизанӣ, бо қасам мазан...
Тошканд, 3 августи соли 2021
...ЧАРО ҶОН НАМЕДИҲАД?
120 Ин чарх амон ба мардуми деҳқон намедиҳад, Сомон чаро ба дудаи Сомон намедиҳад?
Ҳар санги сурхи ҷаъл ба рахшандагии хеш,
Ҷоҳу ҷалоли лаъли Бадахшон намедиҳад.
Умре ҳавои Балху Ҳарирӯдам орзӯст,
Аммо ривоҷи ҳодиса имкон намедиҳад...
Заҳҳок зиндааст, вале Ковае куҷост?
Кӣ гуфт, мағзи халқ ба морон намедиҳад?
Дардо, ки ёлаҳои ғамангези ин диёр,
Сад сол шуд, ки накҳати райҳон намедиҳад.
Бо ин ки яъс дар дили мо лона мондааст,
Обе умед медиҳаду дон намедиҳад.
Рустам ба чоҳи макри Шағод уфтодааст,
121
Аммо камон зи даст, ки осон намедиҳад!
Мегуфт ҳар дарахт, Таҳаматан чу зинда буд:
Як шаҳри модарист Самангон... Намедиҳад...
Ин хок, санг, кӯҳ, гиёҳ, об, чашма, гул...
Ҷон дода ҳар кадом, Хуросон намедиҳад.
Чингизхӯ рақиб ба ҳайрат кашад ниҳеб:
Ин тан, ки куштаем, чаро ҷон намедиҳад?!
Дар ҳушҳои мо ҳиками Шайхи Кубравист:
Парчам ба як муғул зи дастон намедиҳад.
120 Деҳқон – манзур: тоҷик.
121 Ишора ба достони бо макру ҳила кушта шудани Рустам аз тарафи бародарандараш Шағоди хоин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё